Худо

Масеҳиёни Православӣ ба Ягона Худои-Сегона – Падар, Писар ва Рӯҳулқудс бовар мекунанд. Сегонаи Муқаддас се Шахсият ҳастанд, ки табиати ягонаи илоҳӣ доранд ва аз якдигар ҷудонашаванда мебошанд. Худо ҷовидон, пурқудрат, Рӯҳи меҳрубонест, ки тамоми олам ва моро, яъне одамонро офаридааст, то ки мо Ӯро ситоиш кунем ва бо Ӯ пайваст шавему, покиро ба даст оварда фарзандони Худо гардем.

Расми “Сегона”, ки ҳазрати Андрей Рублёв дар асри XV кашидааст.

Исои Масеҳ

Исои Масеҳ Писари Худо, Шахсияти дуюми Сегонаи Муқаддас мебошад. Ӯ дар абадият аз Худо-Падар таваллуд ёфтааст, дар вақту замон бошад аз тарафи Модархудои Муқаддас – Марями Бокира, бегуноҳ ҳомила ва таваллуд шудааст. Масеҳ Каломи ҷовидонаи Худост, ки “ҷисм шуд ва дар мо пур аз файзу ростӣ зиндагӣ мекард” (Юҳанно 1:14).

Исои Масеҳ Худо-Одам мебошад, яъне Худои ҳақиқӣ ва одами комил аст. Табиати илоҳӣ ва одамӣ то абад дар Масеҳ пайваст шудаанд: Худо одам шуд.

Масеҳи Парвардигор. Расм аз дайри Сино (асри VI).

Мақсади хизмати заминии Масеҳ, ки бо мехкубшавӣ, зиндашавӣ ва ба осмон рафтани Ӯ ба охир мерасад, наҷот додани одамон аз қудрати гуноҳ ва марг буд. Бо мавъизаҳову корҳои Худ Исои Масеҳ муносибатҳои байни одамону Худо ва байни худи одамонро пурмаънӣ кард, фармонҳо дод, намунаи муҳаббат, меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, мардонагӣ ва некӣ шуд. Ӯ мехкӯб шуда, қурбонии комил гашт ва бо Хуни муқаддаси Худ моро аз гуноҳ барои Подшоҳии Осмонӣ харид. “Ӯ барои гуноҳҳои мо захмӣ шуд ва барои бадкориҳои мо азоб кашид. Ӯ ҷазо дид, то мо сулҳ ёбем ва бо захмҳои Ӯ мо шифо ёфтем” (Ишайё 53:5).

“Касе бе имон ба Исои Масеҳ ба назди Худо баргашта ва ба Подшоҳии Осмонӣ даромада наметавонад”. Касе, агар ҳатто ба Исои Масеҳ бовар кунад ҳам, вале ба монанди Исои Масеҳ рафтор накунад, шогирди Ӯ номида шуда наметавонад. (Ҳазрати Иннокентий Вениаминов), “Раҳнамо ба Подшоҳии Осмонӣ”).

Православия

Православия — ин имон ба Худои Сегона ва ҳаёти ҳақиқӣ дар Масеҳ аст, ки аз он сарчашма мегирад ва ва аз Ҷамоати масеҳиёне, ки Масеҳ асос гузоштааст, ҷудонашаванда мебошад. Имони православӣ ҳамонест, ки Масеҳ ба фиристодагон ва фиристодагони Масеҳ ба наслҳои масеҳиёни оянда супурдаанд. (Ба Яҳудо 3, 2 Таслӯникиён 2:5, 1 Қӯринтусиён 11:2 нигаред).

Ягона мақсади Православия наҷот ва покшавии ҳар як одам, пайвастшавии ӯ бо Масеҳ дар Ҷамоати масеҳиёни Ӯ ва ба ҳаёти абадӣ ҳамроҳ шудани одам мебошад. Асоси Инҷил ё хушхабар аз он иборат аст, ки Исои Масеҳ Наҷотдиҳанда ва Бахшанда аст ва Ӯ аз мурдагон зинда шудаааст . Танҳо ба воситаи Ӯ ҳар яки мо метавонем ба ҳаёти хушбахтона дар Подшоҳии Осмонӣ бирасем.

“Православия – Худошиносӣ ва Худопарастии ҳақиқӣ мебошад; Православия парастиши Худо бо Рӯҳ ва Ростӣ аст; (…) православия аз тарафи одам ситоиш кардани Худост, ки одам ба воситаи гирифтани файзи Рӯҳи Қуддус хизматгори ҳақиқии Худо мегардад” (Ҳазрати Игнатий Брянчанинов)).

Калимаи “православия” (“ортодоксия”) маънои “ситоиши дуруст”, “таълимоти дуруст” – ро дорад ва ҳамчун номи имони ҳақиқӣ пайдо шудааст, то ки аз таълимотҳои дурӯғӣ фарқ кунад.

Одам

Одам аз рӯйи расму шабоҳати Худо офарида шудааст барои он ки пуррагии ҳаёт, муҳаббат ва хурсандӣ дар муносибат бо Худо пайдо кунад ва то ки Худоро дар рӯҳ ва ростӣ парастиш намояд. “Одамон на барои он офарида шудаанд, ки ба мисли ҳайвонот, ки баъд аз марги худ нопадид мешаванд, …балки барои он офарида шудаанд, ки мақсади ягона дошта бошанд, ки бо Худо зиндагӣ кунанд ва на ин ки сад ё ҳазор сол, балки то абад (ҳазрати Иннокентий (Вениаминов), Роҳнамо ба Подшоҳии Осмонӣ”).

Ҳар як одам арзиши беохир дорад, чунки дар худ мӯҳри Офаридгори Худро дорад. Одам бегуноҳ офарида шуда буд, вале на комил. Одам (инсони аввалин) барои он офарида шуда буд, ки бештару беҳтар ба Худо монанд гардад, дар Худошиносӣ бузург шавад.

Валекин дар аввали таърих гуноҳи аввалини одамон, яъне Одам ва Ҳавво рӯй дод, онҳо ба Худо беитоатӣ карда, оқибат миранда шуданд ва ба лаънат гирифтор шуданд.

Масеҳи Зиндашуда, ки одамонро наҷот медиҳад. Сурати рӯйидевор.

Аммо Худи Худованд ба одамон раҳм карда ба сарнавишти онҳо дахолат кардааст. “Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари Ягонаи Худро дод, то ҳар ки ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад”. (Юҳанно 3:16). Исои Масеҳ , Писари Худо Миёнарави Ягона шудааст, ки моро бо Падари осмонӣ пайваст менамояд.

Масеҳ аз рӯйи табиати одамии Худ дар Салиб ҷон дод ва бо хуни Худ моро аз гуноҳ, лаънат ва марги абадӣ халос кард. Дар рӯзи сеюм бошад, Ӯ аз мурдагон зинда шуд то ки дигар ҳеҷ гоҳ намирад ва ба зиндашавии оянда ва ҳаёти абадӣ ба ҳама роҳ омода созад. Баъд аз Зиндашавии Масеҳ марг дигар бар масеҳиён қудрате надорад.

Ҷамоати масеҳиён

Ҷамоати масеҳиёни Православӣ Бадани Масеҳ, паймони Худованд Исои Масеҳ бо одамони худ, ки бо ягонагии имон, расму ойин ва роҳбарияти муқаддас якҷо шудаанд. Ягона сарвари Ҷамоати масеҳиён Исои Масеҳ аст. Ҷамоати масеҳиёни Православӣ ягона, пок, умумиҷаҳонӣ ва ҳавворӣ мебошад, ки он барои ҳамаи одамон новобаста ба мансубияти миллӣ, ҷамъятӣ ва дигар мансубият кушода аст.

Ҷамоати масеҳиёни Православӣ ягона киштии наҷот мебошад, ки дар он Худо ҳамаи имондоронашро ҷамъ меоварад.

Нишонаи имон

Нишонаи имон баёни кӯтоҳи ҳақиқатҳои асосии масеҳияти православӣ мебошад. Нишонаи имонро падарони муқаддаси Ҷамоати масеҳиёни Православӣ дар Маҷлисҳои умумиҷаҳонӣ (дар солҳои 325 ва 381) тартиб додаанд.

Расми падарони муқаддаси Маҷлиси Якуми Умумиҷаҳонӣ

Матни он чунин аст:

  1. Ба Худои Ягонаи Падар, Парвардигор, Офаридгори осмону замин ва чизҳои аёну нопадид имон дорам.
  2. Инчунин ба Худованди ягона Исои Масеҳ, Писари Худо, Яккаписар, ки аз Падар пеш аз ҳамаи давру замонҳо таввалуд шудааст, ки Худои ҳақиқист ва аз Худои ҳақиқӣ таваллуд ёфтааст, офарида нашудааст ва ба Падар ҳамтабиат аст ва ҳама вақт буд, имон дорам.
  3. Ба Ӯ имон дорам, ки барои мо, одамон, ва ба хотири наҷоти мо аз Осмон фуруд омад ва аз Рӯҳулқудс ва Марями Бокира шакл гирифта, одам гаштааст.
  4. Ба Ӯ имон дорам, ки барои мо аз тарафи Пунтӯс Пилотӯс маҳкум гашта, мехкӯб шудааст, азоб кашидааст ва гӯронида шудааст.
  5. Ва дар рӯзи сеюм аз рӯйи Навиштаҷот зинда шудааст.
  6. Ва ба Осмон баромадааст ва аз дасти рости Падар нишастааст.
  7. Ва дар охирзамон дар бузургии худ барои доварӣ кардани зиндагону мурдагон меояд вале Подшоҳии Ӯ беохир мегардад.
  8. Ва ба Рӯҳулқудс имон дорам, ки Худои Зиндакунанда аст, ки аз Падар меояд ва бо Падару Писар аз тарафи пайғамбарон парастишу ситоиш карда мешавад.
  9. Ва ба Ҷамоати масеҳиёни Ягонаи Умумиҷаҳонӣ ва Ҳавворӣ имон дорам.
  10. Таъмиди обиро, ки барои даст кашидан аз гуноҳ аст, эътироф мекунам.
  11. Зиндашавии мурдагонро интизорам.
  12. Ва ҳаёти ояндаро интизорам. Омин.