Портали маорифпарвари “Сулҳ ба шумо!” барои шаҳодат додан дар бораи Масеҳ ва имони православӣ сохта шудааст. Ин ҷо иҷро шудани фармони Наҷотдиҳандаро мебинем, ки гуфтааст “Биравед ва ҳамаи халқҳоро таълим бидиҳед ва онҳоро ба номи Падар, Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед”. (Хушхабари Матто, 28:19-20).

Исои Масеҳ шогирдонашро бо сухани “Сулҳ ба шумо!” пешвоз гирифт. Фиристодагони Исо низ ин даъватро ба ҳамаи одамоне, ки ба онҳо Хушхабар мерасонданд, эълон мекарданд.

Мо бо суханони Худованд ва Наҷотдиҳандаамон ба шумо муроҷиат намуда, ба Шумо сулҳ, яъне сулҳи Худоро хоҳонем.

Дар ин портал шумо метавонед дар бораи имони православиҳо ба Худованд, чӣ тавр масеҳӣ шудан, ҳамчунин дар бораи он ки оё дар мамлакати шумо Ҷамоати масеҳиёни Православӣ вуҷуд дорад ё не –бо забони модарии худ бихонед. Албатта мо аз саволҳои ба мо додаатон хурсанд хоҳем шуд.

Портали маорифпарвари “Сулҳ ба шумо!” аз тарафи Комиссияи миссионерӣ ва катехизатсияи назди шӯрои Епархиявии Москав (Ҷамоати масеҳиёни Православии Рус) бо дастгирии Маркази таҳлили ҳазрат Василии Бузург сохта шудааст.