Барои масеҳии православӣ шудан, шумо бояд аз сидқи дил ба Худо имон биёред, дар назди Ӯ аз гуноҳҳои худ тавба намоед, Исои Масеҳро ҳамчун Писари Худо ва Наҷотдиҳанда қабул намоед ва ба Ҷамоати масеҳиёни Православии Ӯ ба воситаи таъмиди обӣ дароед.
Барои ин албатта шумо бояд асосҳои Православияро, ки дар шакли кӯтоҳ дар Нишонаи имон оварда шудааст, донед.
Агар одам софдилона ба Худо имон оварда бошад, имони православиро эътироф кунад, ӯ метавонад таъмид гирад, зеро “агар касе аз об ва Рӯҳ таваллуд нагардад ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад”. (Юҳанно 3:5).
“Таъмид Ойинест, ки дар он имондор ҳангоми ғӯтаи секаратаи бадан ба об бо даъват кардани Худо Падар ва Писар ва Рӯҳулқуд барои зиндагии ҷисмонӣ, гуноҳкор мемирад ва бо Рӯҳулқудс барои ҳаёти рӯҳонӣ, пок дубора зинда мешавад” (ҳазрати Филарет Москавӣ).
Таъмиди шоҳ Владимир
Барои таъмид гирифтан, шумо бояд ба маъбади православии дилхоҳ омада, ба рӯҳонӣ ё коркуни маъбад муроҷиат намоед, ки онҳо ба шумо дар омодагӣ ба ин ойини бузург мадад мерасонанд.
Агар дар атрофи Шумо калисои православӣ набошад ва ё Шумо ягон душворӣ мекашед ва дар бораи Таъмид саволе доред, марҳамат ба мо муроҷиат намояд, мо ба Шумо кӯмак мерасонем.